Когда же акции «Рогуна» начнут давать дивиденды?

Когда же акции «Рогуна» начнут давать дивиденды?
Акционеры заслушали отчеты ответственных лиц о деятельности и бухгалтерском отчете ОАО «Рогунская ГЭС» в 2011 году, утвердили устав ОАО в новой редакции, избрали членов наблюдательного совета, ревизионной комиссии и комиссии по отчету ОАО «Рогунская ГЭС».
Заблаговременно была опубликована информация о проведении собрания на сайте Комитета по инвестициям Таджикистана, и акционеры имели возможность принять в нем участие.
Однако до сих пор четко не ясны принципы получения доходов от акций Рогуна и средств, собранных у населения, что порождает множество слухов и предположений.
Житель Душанбе Исмат Азизов, один из акционеров Рогунской ГЭС говорит, что он в 2010 году, когда началась кампания по реализации акций, несмотря на свои скромные экономические возможности, приобрел акций на более 14 тыс. сомони. Однако он не принял участие в собрании акционеров 5 июня и до сих пор не видел никакой выгоды от своих акций.
Продажа акций Рогуна началась в январе 2010 года, и за несколько месяцев было реализовано населению и организациям акций на сумму более 800 миллионов сомони. За прошедшие два с половиной года население, правительство и его противники были едины в вопросе приобретения акций.
В большинстве случаев сотрудников государственных структур заставляли в принудительном порядке покупать акции Рогунской ГЭС. Позже процесс продажи акций застопорился. Реклама акций Рогуна государственными СМИ, а также принудительная реализация акций даже стали причиной критики со стороны международных организаций.
В августе 2010 года часть средств, полученных от реализации акций, решением правительства страны была пущена в банковский оборот. В том числе “Агроинвестбанк” получил 118,2 миллиона сомони, “Точиксодиротбанк” – 20,3 миллиона сомони, “Бонки рушди Точикистон” – 2,8 миллиона сомони, “Точпромбанк” – 11,1 миллиона сомони и “Фонон Банк” – 5 миллионов сомони.
Позже на счета “Точиксодиротбонка” и “Агроинвестбонка” были перечислены еще 80 миллионов сомони. В настоящее время на оборотных счетах, или на депозите банков Таджикистана находится 237 миллионов сомони акций Рогуна.
По словам экспертов, в соответствии с законом об акционерных обществах, если общие средства акционеров находятся в коммерческом банковском обороте, то ежегодная прибыль от этой суммы должна эквивалентно распределяться среди акционеров.
Давлатмурод Джумаев, председатель Ассоциации развития и поддержки предпринимательства Таджикистана, говорит:
- Прибыль должна распределяться пропорционально. Например, проводится собрание акционеров, которое принимает решение, что предприятие получило прибыль в 100 миллионов. После вычета всех налогов и выплат, например остается 40% чистой прибыли.
Вот эта прибыль и делится среди акционеров соответственно их вкладу. Не имеет значения, началось производство или нет, акционеры могут получать прибыль, если их деньги находятся в коммерческом обороте банков.
В начале года Сафарали Наджмуддинов объявил, что деньги Рогуна, которые были вложены на счета коммерческих банков, дали 25 миллионов сомони дивидендов.
Депутат парламента Сухроб Шарифов, который также является акционером Рогуна, говорит, что о дивидендах подумает после того, как начнется производство электроэнергии. По его мнению, процесс покупки акций носил больше политический, нежели экономический характер и явился «демонстрацией солидарности населения и государства».
Сухроб Шарифов говорит, что министерству финансов было поручено создать биржу ценных бумаг:
- Это поручение было дано два года назад, содержалось в прошлогоднем послании президента, но до сих пор оно не выполнено. Если бы это поручение главы государства было выполнено, акции Рогуна имели бы свой курс и в большей или меньшей степени продавались бы на этой бирже.
Акционирование Рогунской ГЭС правительство Таджикистана начало в 2007 году, и к 2010 году, до начала сбора средств для Рогуна, правительство инвеcтировало в этот проект 1 миллиард 325 миллионов сомони. В 2011 году на строительство было выделено еще $ 813 миллионов.
Эта стройка стала причиной охлаждения отношений Таджикистана с Узбекистаном и Россией. Узбекистан заявляет, что проект приведет к экологической катастрофе, а Россия хотела бы контролировать акции этой ГЭС. Однако Таджикистан продолжает оказывать сопротивлении претензиям обоих государств.
Рахматкарими ДАВЛАТ
Таджикская служба РСЕ\РС



USCIRF призвала США надавить на Душанбе по вопросам соблюдения религиозных свобод
Таджикистан закрыл границу
Жириновский: “Рахмон будет повешен”
Власти ОАЭ отказали Душанбе в экстрадиции оппозиционера Кувватова
ООН призвала Украину освободить экс-премьера Таджикистана
Таджикского оппозиционера в Москве ударили ножом. С ведома и согласия ФСБ?..
June 9th, 2012 at 08:35
Марги мармуз дар Гулбутта
Чӣ ва ё кӣ сабаби марги Гулчеҳраи 16-сола шуд?
Марги нобаҳангоми як духтари 16 – сола дар маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Рудакӣ, ки баъди даъват ва бозпурсӣ ба милиса рух дод, то ба ҳол хонавода ва табибонро ором гузошта наметавонад. Хабарнигори “Нигоҳ” қазияро таҳқиқ кард ва ишора сӯи аломатҳои ҷинояти “ба худкушӣ расонидан” бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдида намуд….
ТАШРИФИ АВВАЛ ВА ШИКАНҶА
Гулчеҳра духтари калони хонадони дар яке аз омӯзишгоҳҳои пойтахт компютер меомӯхт ва баҳори имсол мисли дигар духтарон орзуҳое дошт. Ӯ ва хонадонашон дар маҳаллаи Гулбутта зиндагие фақирона, вале ороме доштанд, ки аввали моҳи апрел яку якбора хатчадор шуд.
Рӯзи 3-юми апрел буд, ки ба хонаи онҳо кормандони Шӯъбаи корҳои дохилӣ (ШКД)-и Фирдавсии шаҳри Душанбе бо Лайло ном духтаре, соли таваллудаш 1998, ки ба гӯшвордуздӣ мутаҳҳам мешуд, меоянд. Кормандони милиса аз модари Гулчеҳра талаб мекунанд: “духтаратро барор”. Холаи Рӯзигули даступохӯрда ҷавоб медиҳад, ки “духтарам дар Қӯрғонтеппа аст…”, вале милисаҳо исрор мекунанд: “Дурӯғ нагӯй! Духтарат бо ин дугонааш гӯшвор дуздидааст, ё шоҳид будааст”. Баъди ин гуфтугӯи нохуб ва тасдиқ ё бовар ба он, ки Гулчеҳра дар Қӯрғонтеппа аст, кормандони милиса бахшиш пурсида, мегӯянд, ки “холашка, хайр, як бало карда, то бегоҳ духтаратро гӯй, ки расад. Як сӯҳбат мекунему ҷавобаш медиҳем”.
Ҳоло, ки Гулчеҳра оламро падруд гуфт, холаи Рӯзигул бо таассуфи зиёд мегӯяд: “Хайр, инҳо чашму гӯши қонун ва ҳукумат ҳастанд, аз ин ҳисоб зиндагӣ доранд, аз духтарам ягон чиро пурсида, ҷавоб медиҳанд гуфта, розӣ шудам, ки духтари ноболиғам равад.” Ба бародараш занг задам, ки то бегоҳ ё пагоҳ барвақт Гулчеҳраро гирифта орад. Рӯзи дигар духтарро оварданд ва рост ба ШКД -и ноҳияи Фирдавсӣ рафтем. Духтарамро ба иҷозаи худам ба дарун дароварданд, бо ӯ чи кор карданд, намедонам… Баъди ин дигар духтарамро солим надидам…”. Қонунӣ буд ё на, духтари ноболиғи соли таваллудаш 1995-ро то рузи 6-уми апрел ҳамин милисаҳо, ки номҳои Аҳлиддин, Олим, Тешаев ва Анвар доштанд, нигоҳ доштанд ва кадоме аз онҳо ҳам ӯро озор доданд”. Инҷо таъкид бояд кард, ки тибқи қонунгузории ҷории Тоҷикистон кормандони милиса ҳуқуқи бозпурсии ноболиғ бе ҳузури волидайн ё намояндаи онҳо ва дастгир кардани ӯро надоранд.
ПРОКУРАТУРАИ ХОМӮШ
Рӯзигул Баёнова, модари Гулчеҳра мегӯяд, “духтарам фақат сарашро меқапиду “сарам месӯзад” мегуфту мегирист. Мегуфт, ки “оча дар сарам бо красофка заданд, ки шоҳидӣ деҳ, баёнот навис. Гуфтам, акаҳо, чизеро, ки надида бошам, чӣ тавр нависам. Маро ҷавоб диҳед. Аммо ба гапам гӯш намекарданд. Як нафараш мегуфт, ки дар сараш занед, ки танаш “синяк” нашавад. Вақте баъди ду шабонарӯзи дар ШКД буданаш духтарамро гирифтем, латхӯрда буду дар пои чапаш сиёҳии калон дошт. Бо дидани аҳволи духтари бечораам, ба ташхисгоҳи тиббӣ рафтему онҷо ҳуҷҷат карданд. Ҳамаи инро бо духтарам дар ариза ба номи прокурори шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми апрел навиштем, аммо то ҳол ҷавобе нест. Чанд бор бо духтарам барои ҷавоби ариза рафтем, аммо моро аз бинои прокуратураи шаҳрӣ пеш карданд”.
БЕАМАЛИИ МАҚОМОТ
Дар асоси аризае, ки модари Гулчеҳраи ғӯрамарг ба прокуратураи шаҳри Душанбе навиштааст, ӯро ду шабонарӯз дар ШКД-и Фирдавсӣ нигоҳ медоранд. Баъди ду рӯз модараш барои раҳоии ӯ меравад. Кормандони ШКД аз модар талаб мекунанд, ки агар дар санаде имзо гузорад, ҷигарбандашро ба ӯ медиҳанд. Холаи Рӯзигул, ки аз шодии озод кардани духтараш намедонист дар санад чӣ навишта шуда буд ва чаро онро бояд имзо кард, хоҳиши милисаҳоро иҷро намуд. Аммо бо вуҷуди имзо карданаш духтарашро ба ӯ барнамегардонанд, балки роҳи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанберо нишон доданд.
Ба гуфти Абдулмӯъмин МИРАКОВ, муфаттиши парвандаи Гулчеҳра дар Раёсати корҳои дохилӣ (РКД)-и шаҳр, ҳамон рӯз баъди сӯҳбат ӯро ҷавоб додаанд. Муфаттиш мегӯяд, Гулчеҳра ба гумони даст доштан дар ду ҳолати ғоратгарӣ ва як дуздӣ боздошт шуда буд, аммо бо назардошти ноболиғ буданаш, ӯ аз озодӣ маҳрум намешуд.
Ба гуфти вай, шоҳидони ҷинояти содиркардаи ноболиғ ҳам ҳастанд. Аммо модари Гулчеҳра мегӯяд: “Мираков ба мо гуфт, ки хуб накардед, ки хулосаи ташхиси тиббӣ гирифтед, он бачаҳо аз мо хафа шуданд…”. Аҳли хонаводаи Гулчеҳра нақл мекунанд, ки аз РКД-и Душанбе марҳум “бо пойи худ ба хона омад, аммо бо рангу рӯйи парида ва бадани сиёҳшуда”.
Холааш мегӯяд, лабу даҳони Гулчеҳра хушк буд, мадори ҳаракат ва сухан кардан надошт, чойи хунукаш додам, аммо рад кард, гуфт, “холаҷон, аз гулӯям ҳеҷ чиз намегузарад…”, то чанд рӯзи дигар чизе хӯрда наметавонист, …. фақат гиряи бесадо мекард.
Рӯзи 7-уми апрел баъди гирифтани хулосаи ташхиси тиббӣ бо духтари ҷавонмаргам ба прокуратураи шаҳри Душанбе ариза навишта, тамоми ҳодисаи ба сарамон дар ШКД – и ноҳияи Фирдавсӣ ва РКД – и шаҳр омадаро қайд кардем, вале ҳайҳот, ки ҳич чорае надиданд”.
Як шоҳид, ки дар вақти аризанависӣ бо холаи Рӯзигул будааст, ин гуфтаҳои ӯро тасдиқ кард. Ба гуфтаи ин шоҳид, “мо ду маротиба барои гирифтани аризаи шикоятии Гулчеҳра дар хусуси мавриди шиканҷа қарор гирифтани Гулчеҳра, ба прокуратураи шаҳри Душанбе рафтем, аммо прокурор Ш.Р. модари Гулчеҳраро пеш кард. Гуфт, ки “аризаат дар дасти ман аст, чӣ мегуӣ, намедиҳам”.
Баъди сарсониҳо дар Прокуратураи шаҳри Душанбе холаи Рӯзигул ба Прокуратураи генералӣ аризаи шикоятӣ менависанд, ки ба он низ то ҳол ҷавоб нест. Дар ҳамин ҳол, Лайло ҳамоно гумонбар дониста мешавад. Лайло кист? Ба гуфти холаи Рӯзигул, Лайло дӯгонаи як ҳамкурси духтари марҳумаш будааст. Гулчеҳра бо ӯ дугона шуда, ба хонаи онҳо, ки дар кӯчаи Борбад иҷоранишин мебошанд, мерафтааст, ҳатто боре се шаб он ҷо мондааст. Эҳтимол меравад, ки Лайло ва модараш бо қонун мушкилиҳо доштаанд. Албатта, ин ҷанбаи қазия барои маълум кардани ҳодисаи ҷиноят муҳим аст, вале он мустақиман сабаби марги Гулчеҳра шуда наметавонист. Аз ин рӯ мо аз баҳри тафсилоти ин паҳлӯи масъала мегузарем.
ХУДКУШӢ, МАРГ ДАР НАТИҶАИ ШИКАНҶА, Ё РАСОНИДАН БА МАРГ
Дар ин қиссаи талх чанд рӯзи ахири ҳаёти Гулчеҳра баёнгари вазъи воқеъии ҳоланд, ки донистани онҳо барои хонандаи арҷманд муҳим аст.
11-уми май бо даъвати муфаттиш Абдулмӯъмин Мираков модараш Гулчеҳраро боз ба РКД меорад ва ӯ бозпурсӣ мешавад. Баъдан, ӯро ҷавоб дода мегӯянд, ки рӯзи душанбе ҳозир шавад. Аммо рӯзи шанбе муфаттиш ба модари Гулчеҳра занг зада, исрор мекунад, ки “духтаратро биёр”, вагарна, худамон ӯро мебиёрем…”. Ҳамчунин ӯ талаб мекунад, ки хулосаи ташхиси тиббиро ба ӯ диҳанд, вале бародари Рӯзигул маслиҳат медиҳад, ки ин корро накунаду то гирифтани даъватномаву иштироки ҳимоятчӣ зимни бозпурсӣ ё рӯбарӯкунӣ ба милиса наравад.
Субҳи якшанбеи 13-уми май Гулчеҳраи ошуфта бо маслиҳати модар назди муллои деҳа меравад, то ба ӯ дуо хонанду ором шавад, зеро ӯ фикр мекард, ки дарди сари духтараш аз тарс аст. Холаи Рӯзигул худ ба кор рафт. Он рӯз раҳматӣ ҳудуди 15 дақиқа ҳузури мулло мешаваду баъд аз он берун шуда, як шабонарӯз бедарак мегардад.
- Ба шаҳр, ба хонаи ҳамкурсон, ҳамсинфон, хешу табор рафтем. Гуфтанд, нест. Кофтему кофтему, наёфтем. Ба муфаттиш занг задам, ки ӯ гуфт “мо ӯро наовардаем. Ин хел одат надорем, агар милисаҳои ШКД-и Фирдавсӣ оварда бошанд, рафта пурсед. Аммо шаб, ки буд, касе ҷуръати ба милисахона омадан накард. Бомдоди 14-уми май касе аз кӯча фарёд кард, ки “биёед-е, духтаратон афтидааст!”
Рафтем, ки Гулчеҳра дар замин мор барин мепечад, “сӯхтам – сӯхтам” мегӯяд. Модараш “духтарҷонам” гӯён ӯро дар бағал мегирад.
-Аз даҳони Гулчеҳра як калима мебаромад: “у..к…сус…”- нақл мекунад, шоҳиди воқеъа- дигар ӯ аз гап монд. Як мошини роҳакиро хоҳиш карда, ӯро ба шифохона овардем.
Дар роҳ аз болову поён хунравӣ сар шуд. Беморхонаро буйи сирко гирифт. Ба гуфтаи табибон эҳтимол меравад, ки дар меъдаву рӯдаҳои Гулчеҳра аз як литр зиёд сирко (уксус) бошад. Аммо аҷибаш ин буд, ки лабу даҳон ва забони Гулчеҳра ягон иллат надошт, танҳо гӯлуяш сурх буд. Баъди шом, табибон гуфтанд, ки сирко дарунашро сӯзонидааст ва умеди зинда монданаш нест. Субҳи 15-уми май ҷасади Гулчеҳраро ба хона оварданду ҷаноза хонда, ба хок супурданд…
Дар Раёсати корҳои дохилӣ ба “Нигоҳ” гуфтанд, ки бо назардошти марги Гулчеҳра парвандаи ҷиноии ӯ қатъ шудааст, аммо дар мавриди сабабҳои марги вай прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Аммо пайвандони раҳматӣ ҳич бовар надоранд, ки ҳақиқати марги Гулчеҳра боз шавад. Онҳо ба мақомот суолҳое зиёд доранд, ки муҳимтаринаш ин аст: кӣ ва ё чӣ сабаби марги духтари 16-сола шуд?
ҶАВОБ
Воқеъан ҳам, дар ин қазия, суолҳо зиёданд. Дар ҳоле ки маргҳои мармуз, ҳодисаҳои аз тиреза сарозер шуда, ба ҳалокат расидани боздоштшудагон ва азобу шиканҷаи боздоштшудагон дар таҷрибаи милисаҳои тоҷик ҷой дошт, ин суолҳо бештар мешаванд. Ва ҳам маълум, ки дигар “офтобро бо доман пӯшида намешавад”. Ин ҳам дар ҳоле, ки вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимов чанд рӯз пеш дар посух ба ин суол, ки “милисаҳои шиканҷагар муҷозот шудаанд ё хайр?”, ҷавоби аҷиб дод. Вай гуфт, “шиканҷа дар мо нест, нафароне, ки шумо дар назар доред, Сафаралӣ Сангов, қочоқчии маводи мухаддир буд, Баҳромиддин Шодиев гумонбар буд, барои халос шудан, худро партофтанд”. Акнун интизор хоҳем буд, ки ҷаноби вазир ба марги ин духтари ноболиғ чӣ мегӯяд? Оё тобеони ӯ ҳуқуқи бе иштироки волидайн бозпурсии як духтари бигзор гумонбар ва ё ҳатто гунаҳкори тоҷикро доштанд?
Оё милисаҳои ШКД-и ноҳияи Фирдавсӣ ҳақ доштанд, ки ноболиғро ду шабонарӯз боздошт кунанд?
Магар дар амалҳои ҳич кадоме аз дастандаркорони ин қазия, ҷаноби Раҳимов аломатҳои ҷинояти “ба худкушӣ расонидан” бо роҳи таҳдид, муомилаи бераҳмона ё пастзании мунтазами шаъну эътибори шахси ҷабрдидаро медида бошад? Агар, ҳа, пас ӯ вазири ин ҳукумат ва ин мардум аст, агар не, боке нест, аз ӯ низ мисли вазирҳои пешина ёд хоҳанд кард, ки назди ҷомеа ва миллат ҳич ӯҳдадорӣ ва масъулияте надоштанд, аммо ӯ бояд ба модар ва падари гулчеҳраи ғуррамарг ҷавоб гӯяд.
Модари фарзандгумкарда мегӯяд: “Гулчеҳраи раҳматӣ такрор ба такрор мегуфт: “оча, худмон камбағалем, пушт надорем, ҳеҷ кор аз дастамон намеояд, милисаҳо мегуфтанд, ки соҳиб надорӣ, ду – се то статя мезанемут… онҳо боз маро мебаранд маҳкам мекунанд…”. Ҳоло, ки шумо менависед, метарсам, ки боз бачаҳои дигарамро ҳам ғам надиҳанд…”. Падари Гулчеҳра, ки монанди ҳазорон марди муҳоҷир дар Русия буд, се рӯз баъд аз ҷанозаи духтари бузургаш ба ватан баргашт. Ӯ намедонад, ки сарашро ба кадом девор занад. Орзӯи хонадор кардани духтарашро фарзанди калони хонадонаш ба хоки хунук бурд.
Ҳарамгули Қодир
June 12th, 2012 at 22:23
Kogda osly Tajikistana nachnut pet i plesat…